Шурӯи маросими сартосарии бузургдошти хотири қурбониҳои Сребренитса

Ширкаткунандагони марши сулҳи Босния

Имрӯз дар саросари Босния маросими бузургдошти хотири қурбониҳои кушторҳои ҷамъии соли 1995-ро дар рустои Сребренитса бо ширкати ҳафт ҳазор нафар шурӯъ шуд. Маросимҳои мазкур се рӯз аз шаҳри Сапна сар карда то худи Сребренитса тӯл хоҳанд кашид. Ҳодисаҳои марбут ба куштори ҳашт ҳазор марди мусалмонро дар Босния 16 соли пеш баъди ҷанги дуюми ҷаҳон чун даҳшаттарин ҳодисаҳо ёд мекунанд. Дар маросими мазкур инчунин намояндагони ҳайати посдорони сулҳи Ҳолланд ҳам иштирок мекунанд, ки он замон натавонистанд пеши роҳи фоҷеаи азимро бигиранд.