Раҳбарони кишварҳои гурӯҳи G20 мегӯянд, ба тавофуқ расиданд, ки захираҳои молии Сандуқи байналмилалии пулро тақвият мебахшанд. Зимни суханрониаш дар Кан президенти Фаронса Николя Саркозӣ гуфт, ки Сандуқи байналмилалии пул ба захираҳои бештари пулӣ ниёз дорад, то ки ба кишварҳои дорои мушкили молӣ мусоидат кунад. Саркозӣ гуфт, ки нақшаи мукаммали ин барнома то феврали соли оянда тасдиқ хоҳад шуд.