Зуҳро Сайфуллоева, сокини ноҳияи Ҳисор, бо кумаки соҳибкорону афроди алоҳида соҳиби як манзили дуҳуҷраӣ шуд. Ӯ ду рӯз қабл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки зиндагӣ дар як вагони сарду оҳанӣ барояш мушкил аст ва мехоҳад шаш фарзандашро ба ятимхона бисупорад.