Оҷонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон пешгӯӣ кардааст, ки боридани барф ва ҳавои сард дар кишвар то 9-уми декабр идома мекунад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз хатари омадани тарма дар роҳи Душанбе - Хуҷанд ҳушдор дода, аз сокинон хостааст бе зарурат сафар накунанд. Дар оғози сардиҳо хабарнигорони Радиои Озодӣ аз сокинон пурсиданд, ки зимистонро чигуна мегузаронанд?